Идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд поксозии соҳилҳои Сирдарёро оғоз намудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сар аз оғози моҳи август идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд поксозии соҳилҳои Сирдарёро оғоз намудааст. Ба қавли масъулон дар ибтидо 5 километри соҳил поккорӣ хоҳад шуд. Ахиран дар нашрияҳои интернетӣ мақолаҳое нашр шуда буданд, ки дар он кишварҳои поёноб аз оби олудаи Сирдарё шикоят доштанд.