Тоҷикони аз Яман баргашта чӣ мегӯянд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гурӯҳи дувуми тоҷикон, ки аз 70 нафар, аз ҷумла 12 кӯдак иборат аст, субҳи 5 апрел тавассути ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав оварда шуданд. Эраҷ Сайдалиев, табиби тоҷик, дар фурудгоҳи Маскав гуфт, бисёр хушҳол аст, ки аз Яман бидуни осеб берун омадаанд.