Беруншавии низомиёни ИМА аз Афғонистон ба таъхир меафтад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи сешанбе дар Вашингтон раҳбарони ИМА ва Афғонистон Барак Обама ва Аҳмад Ғанӣ эълон карданд, ки тахминан 9800 сарбози амрикоӣ то охири соли равон дар Афғонистон боқӣ мемонанд ва масъалаи бозгашти онҳо баъдан баҳс хоҳад шуд. Зоҳиран ин тасмим Толибонро нороҳат кардааст.