Донишгоҳи славянии тоҷикиву русии Тоҷикистон муҷаввизашро аз даст надодааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муовини ректори Донишгоҳи славянии тоҷикиву русии Тоҷикистон Хусрав Шанбезода иброз дошт, ки донишгоҳ мушкиле бо муҷаввиз дар Русия надорад. Танҳо як ихтисос-информатика то ҳанӯз муҷаввиз касб накардааст, вале соли оянда он ҳам аз Русия асноди заруриро дастрас мекунад.