Исроил мегӯяд, аз навори Ғаза ба самти Тел-Авив ду мушак андохта шуда, низоми дифои зиддимушакии Исроил онҳоро вожгуна кардааст. Қаноти ҳарбии ҷунбиши исломии Ҳамас эътироф намуд, ки дар посух ба зарбаи ҳавоии Исроил ба 160 минтақаи Ғазза ба самти шаҳрҳои асосии Исроил чанд мушак андохтааст. Дар ҳамлаи Исроил ду рӯзи охир на камтар аз 23 фаластинӣ дар Ғаза кушта шудаанд. Ҳукумати Исроил, ки ба ҳарбиён даъвати наздик ба 40 000 сарбозони захиравиро иҷоза додааст, мегӯяд, дар сурати идомаи мушакборон Ғазаро ишғол хоҳад кард.