Як ҷавони дигари тоҷик дар Сурия кушта шудааст

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, як ҷавони дигари тоҷик дар ҷанг алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Сурия кушта шудааст. Вазорат рӯзи 23-уми апрел дар барномаи телевизиониаш дар телевизони давлатӣ гуфт, ки Масрур Иброҳимов, сокини Исфара соли 2013 ба Русия ва сипас ба Сурия ба назди хоҳараш рафтааст ва муддате дар канори шӯришиён ба зидди ҳукумати Башор Асад ҷангидааст ва рӯзи 22 март кушта шудааст. Ба гуфтаи вазорат, Илҳом Ҳакимов як ҷавони 28-солаи дигари исфарагӣ дар Сурия меҷангад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоде аз ҷавонони тоҷик фирефтаи гурӯҳҳои тундрав шудаанд, ки онҳоро бо баҳонаи “ҷиҳод” ба Сурия мебаранд.