Боқиевҳо ба мӯҳлатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон шуданд

Акси хонаводаии Боқиевҳо

Ноҳияи Биринчи Май дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешин ва чанд нафар аз аъзои хонаводаи вайро дар ғиёбашон барои созмон додани куштори як соҳибкори хориҷӣ ба мӯҳлатҳои тулонии зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ шоми рӯзи ҷумъа барои Қурмонбек Боқиев 25 соли зиндон ва мусодираи амволаш ҳукм содир кард. Ҷаниш-бародари вай, ки раиси Кумитаи амнияти давлатӣ буд, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Марат-писари Боқиев 20 соли зиндон гирифт ва писари дигараш Максим ба ҳабси абад маҳкум шуд ва дороиаш низ мусодира хоҳад шуд.

Ин чаҳор нафар куштори Шон Дейлӣ-соҳибкори бритонёӣ аз ширкати Oxus Gold ё Тиллои Омуро созмон додаанд. Ин ширкат соҳиби муҷаввизи кони тиллои Ҷеруи вилояти Талас буд.

Дар ҷараёни баҳсҳои ҳукумат ва Oxus Gold барои соҳибият ба ин кони тилло Дейлӣ дар назди манзили зисташ парронда шуд. Вай бо захми тир ҷон ба саломат бурд ва Қирғизистонро тарк кард.