Ба Русия ҳушдор доданд, нерӯҳояшро аз Украина ақиб кашад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Русияро барои дахолати низомӣ дар қаламрави Украина интиқод кард ва аз Маскав хост, сарбозонашро ба пойгоҳи низомиаш ба Қрим баргардонад. Ҳукумати Амрико ҳушдор дод, ки ба ин шакл помол кардани қонунҳои байналмилалӣ боиси “инзивои бештари сиёсӣ ва иқтисодии” Русия хоҳад шуд. Шӯрои Атлантики Шимолӣ, ниҳоди тасмимгири Паймони низомии НАТО, рӯзи якшанбе барои баррассии авзоъ дар Украина нишасти изтирорӣ баргузор мекунад. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи шанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, “Бояд шиддати авзоъ дар Қрим фавран коҳиш дода шавад.” Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “Русия бояд ба истиқлол, тамомияти арзиву марзҳои Украина эҳтиром бигузорад.” Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Авруро низ аз ҳукумати Русия хост, бар тибқи тааҳудоти байналмилалии худ амал карда, нерӯҳояшро ба Украина ворид накунад ва назароташро бо “усулҳои мусолиматомез” тарғиб кунад. Қарор аст, вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе дар нишасте дар Брюссел, вазъ дар Украинаро баррасӣ кунанд.