Обама нишасти Ҷи-8-ро таҳрим мекунад?

Як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико гуфтааст, агар Русия ба Украина дахолати низомӣ кунад, мумкин аст, Барак Обама, раиси ҷумҳури кишвараш аз ширкат дар нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи Ҷи-8 дар шаҳри Сочи даст кашад. Қарор аст, ин нишаст моҳи июн баргузор шавад. Ин мақоми Амрико, ки аз бурдани номаш ибо кардааст, мегӯяд, дар сурати дахолати низомии Русия дар нимҷазираи Қрим, барои Барак Обама ва ҳам раҳбарони Бритониё, Фаронса, Итолиё ва Олмон ширкат дар нишасти сарони Ҷи-8, ки умдатан аз кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон таркиб ёфтааст, мушкил хоҳад буд. Ба қавли ин мақоми амрикоӣ, ҳукумати Амрико ҳоло масъаларо баррасӣ мекунад, ки гуфтугӯҳо барои рушди тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русияро идома бидиҳад, ё не. Аз ин пештар Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфт, агар Русия ба умури Украина дахолати низомӣ кунад, “қимати онро пардохт хоҳад кард”. Ӯ афзуд, ки Амрико аз гузоришҳо дар бораи ҳаракати низомиёни Русия дар хоки Украина нигарон шудааст.