Боз як медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои Осиё

Санавбар Шанбиев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни навҷавонони синашон то 21-сола дар шаҳри Ҳайнани Чин медали биринҷӣ ба даст овард.
Санавбар Шанбиев дар рӯзи охирини мусобиқа, 13-уми декабр, дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг дар нахустин қувваозмоияш бар варзишгари Чин ғолиб омад, вале баъдан барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан аз гуштигири Ҷопон мағлуб гашт. Сипас Санавбар барои ҷойи севум намояндаи Тайванро шикаст дод ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, рӯзи 13-уми декабр хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасони синашон то 17-сола дар Ҳайнан се медал ба даст оварданд.Адҳам Мисоқов дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг баъди се пирӯзӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Ермек Сариев аз Қирғизистон ғолиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, Адҳам Мисоқов аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар риштаи дзюдо миёни наврасон ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кг ҷойи дувумро гирифт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақиби худ аз Чин мағлуб гашт. Фаррухи Салим, ки дар вазни то 81 кг барои ҷойи севум бар Азизбек Собирови қирғиз ғолиб омад, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.