Вазир барои соати дастиаш истеъфо дод

Славомир Новак-вазири нақлиёти Полша, ки аз ҳампаймонҳои наздики Доналд Туск-нахуствазири ин кишвар мебошад, аз мақоми худ истеъфо дод. Туск ба хабарнигорон гуфт, ки истеъфои Новакро пазируфтааст. Рӯзи ҷумъа додситонҳо гуфтаанд, ки Новак дар феҳристи дороии худ соати дастиашро, ки 6 600 доллар арзиш дорад, нишон надодааст.

Нахуствазир ҳамчунин изҳор доштааст, ки агар додситонҳо ба Новак эътироз надошта бошанд ва масъалаи дороиаш ҳал шавад, метавонад дубора вайро дар мақомаш барқарор кунад.