Дар Оқмуллои Қазоқистон 2 пулис барои шиканҷа маҳкум шуданд

Дар шаҳри шимолии Оқмулло ё Акмалаи Қазоқистон ду афсари пулис барои шиканҷаи боздоштшудагон 3 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ин афсарон як молдор ё фермери пешинро шиканҷа додаанд ва маҷбур кардаанд, ки вай гӯё чорворо дуздидааст. Додгоҳи минтақаи Аштархон ин афсаронро барои чунин кор гунаҳгор донист.

Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ ва дохилӣ зуз-зуд Қазоқистонро ба боди интиқод мегиранд, зеро пулиси ин кишвар аз шиканҷа кор мегирад. Хеле кам пеш меояд, ки пулиси Қазоқистон барои шиканҷаи боздоштшудагон маҳкум ба зиндон шавад.