Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба шоҳмот дар шаҳри Душанбе
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷоми Осиёи Марказӣ барои ҷоизаҳои раиси Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) Кирсан Илюмжинов дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии Ҷаҳонгир Воҳидов хотима ёфт. Ин мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати 37 шатранҷбоз (25 мард ва 12 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Душанбе аз 12-ум то 20-уми октябр баргузор шуд.