Малола ба ҷоизаи Афви байналмилал пешбарӣ шудааст

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай ба бузургтарин ҷоизаи созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ва ё Афви байналмилал ноил шудааст.

Раҳбарони ин созмони мустақар дар шаҳри Лондон гуфтанд, ки Малола Юсуфзай ҳамроҳ бо овозхони амрикоӣ Ҳаррӣ Белафонте ба ҷоизаи Сафири виҷдон дар соли 2013-ум пешбарӣ шудаанд.

Ин ҷоиза ба фароде дода мешавад, ки ҳаёти худро ба ҳимоят аз ҳуқуқи башар бахшидаанд ва ҳамчун намунаи эҳтироми ҳуқуқи башар хидмат мекунанд.

Малолаи 16-сола, ки бо мақолаҳояш дар бораи фишори Толибон болои таҳсили духтарон дар шабакаи БИБИСИ (BBC) машҳур шудааст, соли гузашта ҳангоми бозгашт аз мактаб мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифта, аз гарданаш тир хӯрда буд.