Мақомоти пулис ва табибони Ироқ мегӯянд, бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар назди масҷиди шиамазаҳабон дар Бағдод дасти кам 30 нафар кушта ва 55 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса шоми чаҳоршанбе дар ноҳияи Касрои Бағдод ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳеҷ гурӯҳе то кунун масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст. Созмони Милал мегӯяд, танҳо дар моҳи август дар ҳамлаву бомбгузориҳо дар Ироқ тақрибан 800 нафар кушта шудаанд. Авҷ гирифтани хушунат дар Ироқ нигарониҳо аз такрори муноқишаҳои мазҳабӣ дар ин кишварро барангехтааст.