Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо президенти Қирғизистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мегӯяд, бастани дарҳои Маркази транзитии паймони НАТО, воқеъ дар фурудгоҳи Манаси канори шаҳри Бишкек, ба манфиатҳои молии ин кишвар зарба нахоҳад зад. Дар як сӯҳбати вижа бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Султон Ҷумъагулов, президент Отамбоев ҳамчунон таъкид кард, ки Қирғизистон дар муомила бо Русияву Чин низ аз манфиатҳояш дифоъ хоҳад кард.