Бозиҳои осиёии наврасон: Варзишгарони 15 кишвар - барандагони медалҳо

Бозиҳои дувуми осиёии наврасон бо ширкати варзишгарони 45 кишвар дар шаҳри Нанҷинги Чин идома доранд.
Ба барномаи Бозиҳо 17 риштаи варзиш дохил аст. То замони пахши ин гузориш, яъне шоми 18-уми август, намояндагони 15 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд. Варзишгарони чаҳор кишвар – Чин, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбакистон бошанд, медалҳои тиллои Бозиҳоро ба даст овардаанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 14 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кореяи Шимолӣ бо 4 медали тилло ва 2 нуқра дар ҷойи дувум қарор дорад. Кореяи Ҷанубӣ бо як медали тилло, 3 нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад. Миёни 10 кишвари пешсаф, ки дар ду рӯзи аввали мусобиқот бо медалҳо мукофотонида шудаанд, ҳамчунин, Узбакистон (1+1+1), Тайланд (0+2+0), Тайван (0+1+1), Малайзия, Қатар ва Вйетнам – ҳар кадом 1 медали нуқра, AOI (Independent Olimpic Athletes ё варзишгарони мустақили олимпӣ) бо 2 медали биринчи ҷойгир шудаанд.

Варзишгарони Ҳиндустон, ки таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамои мекунанд, 2 медали биринҷӣ гирифтаанд. Дарвоқеъ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҳиндустонро ба иллати дахолати ҳукумати ин кишвар ба кори созмони ҷамъиятӣ муваққатан боздоштааст.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар (5 писар ва 4 духтар) шомиланд. Варзишгарони тоҷик дар 4 ришта – вазнабардорӣ (1 писар), варзиши сабук (1 писару 1 духтар), дзюдо (3 писару 2 духтар) ва шиноварӣ (1 писар) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар ду рӯзи мусобиқот 5 варзишгари тоҷик дар ду намуд – дзюдо ва вазнабардорӣ рақобат карданд, вале аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.
Нахуст рӯзи шанбеи 17-уми август варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо ширкат карданд. Раҳматуллобек Фарҳодов дар рақобатҳо дар вазни то 55 кг миёни писарон дар даври аввал ноком шуд. Вай қувваозмоиро ба рақибаш Анатолий Дураченко аз Қазоқистон бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар вазни то 55 кг миёни писарон Достон Рузиев аз Узбакистон ғолиб шуд ва ба кишвараш медали тилло овард. Тае Чонг Ли (Кореяи Ҷанубӣ) бо медали нуқра, Анатолий Дураченко (Қазоқистон) ва Тушигтур Зембе (Муғулистон) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шукрона Қарчиева дар мусобиқаи дзюдо миёни духтарон дар вазни то 44 кг дар даври аввал бар варзишгари Индонезия Анггун Нураҷиҷаҳ пирӯз шуд. Вале баъдан аз Уляна Назарова аз Туркманистон ва Аида Карчаева аз Қазоқистон мағлуб гашт ва дар ҷамъбаст мақоми 7-умро касб намуд.
Дар вазни то 44 кг миёни духтарон О Сонҳуи (Кореяи Шимолӣ) ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфт ва медали тилло гирифт. Ван-Чу Лин (Тайван) барандаи медали нуқра, Кабита Деви Монгчам (AOI – Independent Olimpic Athletes ё варзишгарони мустақили олимпӣ) ва Диёра Келдиёрова (Узбакистон) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Шоми шанбеи 17-уми август мусобиқаи вазнабардорӣ баргузор шуд. Дар ин навъи варзиш Тоҷикистонро Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг намояндагӣ кард. Вай дар дуҳарба бо натиҷаи умумии 185 кг (85+100) дар байни 18 нафар ҷойи 9-умро соҳиб шуд.

Дар ин мусобиқаи вазнабардорӣ дар вазни то 56 кг Феёнг Чи (Чин) бо натиҷаи умумии 239 кг ғолиб гардид ва медали тилло гирифт. Тран Анҳ Туан Нгуен (Вйетнам) бо натиҷаи 235 кг дувум ва Лалчҳанҳима ТВС (AOI) бо натиҷаи 228 кг севум шуданд.

Рӯзи якшанбеи 18-уми август боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон - Расул Саидов ва Баҳригул Бобиева дар риштаи дзюдо вориди рақобат шуанд. Расул дар вазни то 66 кг дар даври 1/16-ниҳоӣ бар паҳлавони Афғонистон Али Попалзай ғолиб шуд, вале дар ҳаштякфинал аз гуштигири Узбакистон Улуғбек Отамуродов шикаст хурд ва аз идомаи мубориза барои медали Бозиҳо маҳрум гашт.

Дар ин вазн Чикянг Ко аз Кореяи Ҷанубӣ қаҳрамони Бозиҳо шуд ва медали тилло гирифт. Улуғбек Отамуродови узбакистонӣ медали нуқраро соҳиб шуд.
Варзишгари точик Баҳригул Бобиева бошад, дар сабқати занон дар вазни то 52 кг дар даври аввал озод буд. Вале ӯ дар даври 1/8-ниҳоӣ дар нахустин қувваозмоияш аз Чина Ким аз Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд ва мусобиқаро ба анҷом расонд.

Дар сабқати дзюдо Фаррухи Салим рӯзи душанбеи 19-уми август ба қувваозмоӣ дар вазни то 81 кг шурӯъ хоҳад кард.

Дар мусобиқаи варзиши сабук, ки шоми душанбеи 19-уми август барпо мегардад, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 1500 метр миёни духтарон ширкат меварзад. Шоми чоршанбеи 21-уми август бошад, вай дар давидан ба масофаи 800 метр рақобат мекунад. Намояндаи дигари Тоҷикистон - Зоир Шералиев шоми сешанбеи 20-уми август дар сабқати гурзандозӣ иштирок менамояд.

Варзишгари нуҳуми Тоҷикистон Карина Климук рӯзи 21-уми август дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни духтарон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Вай, инчунин, рӯзи 22-юми август дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод вориди рақобат мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон мунтахаби Чин бо теъдоди аз хама бештари варзишгарон – 252 нафар дар ҳамаи 17 намуд ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қазоқистон 130 варзишгар, Эрон 79, Узбакистон 61, Туркманистон 17 , Қирғизистон 14, Тоҷикистон 9 ва Афғонистон 8 варзишгар шомиланд.

Бозиҳои осиёии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин