Тоҷикистон дар ҳафтае ки рафт(22-28 июл)

А.Ҳукуматуллоҳ: Роҳбандии Узбакистон аз ноябри соли 2011 ба ширкати роҳи оҳани оҳани Тоҷикистон 65 миллион доллар зиён овардааст.

22 июл: Раҳоии 5 чӯпони моғиёнӣ баъди беш аз як моҳи боздошт дар Узбакистон

Оғози пахши озмоиши сигнали ТВ Сафо - нахустин телевизиони тоҷикӣ дар Русия- дар моҳвораи HotBird

23 июл: Ожонси зиддифасод ширкати "Тоҷсохтмон"-и марбут ба Зайд Саидовро ба хилофкорӣ ба маблағи 38 миллион сомонӣ айбдор кард.

24 июл: Солгарди аввал ва расми ёдбуди қурбониёни амалиёти Хоруғ

25 июл: Кумитаи ҳуқуқи башари СММ 28 тавсияаш ба давлати Тоҷикистонро нашр кард.

25 июл: Оғози додгоҳи маҳбусони гумонбар дар нашри навори "шикнаҷа дар зиндон" Савриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев

26 июл: Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов бо ҷурми кумак ба хешовандони дар Покистон кушташудаашон ба 8,5 ва 6,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

26 июл: Маҳмурод Одинаев - падари Суннатулло Ризоев - дар Хуҷанд барои чанд соат боздошт ва бозпурсӣ шуд.

26 июл: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин тавассути телефон барномаи сафари 1 августаш ба Маскавро баҳс кардааст.

27 июл: Аҳзоби мухолиф дар Душанбе хостори интихоботи раисиҷумҳури оянда танҳо барои давраи гузариш, яъне аз 2 то 4 сол шуданд