Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон: Шумо барои ин мардум чӣ карда метавонед?
Сумар ва Нур духтари яксолаи худро дар ҷангҳои Сурия гум карда, дар Булғоритсон паноҳ ёфтаанд.
Мақбула Ал-Ҳодӣ 20 сол дорад ва аз ҷанги шаҳрвандии Судон фирор кардааст.
Вайс 15 сол дошт, ки аз Афғонистон рафт. Ӯ ҳоло дар Варшава ба сар мебарад.
Лина соли 2010 аз навори Ғаза фирор кард ва баъди саргардонии зиёд дар Мисру Либияву Урдун дар Руминия паноҳ овард.
Марям ва Аҳмад ибтидо аз Сурия ба Яман рафтанд, вале дар онҷо ҳам осоиш наёфтанд.
Варвара баъди қатли бародари ягонааш тарки Гурҷистон кардааст.
Мбела ва шавҳараш ҳанӯз соли 1997 аз Конго фирор карданд. Ӯ ҳоло дар Руминия гӯяндаи телевизион аст.
Аббос аз Сомалӣ ҳоло дар Лаҳистон паноҳ меҷӯяд.
Алиризо Дуронӣ баъди таҳдиди Толибон аз Қандаҳор ба Маҷористон паноҳ овард.
Фараҳноз ва писараш Алӣ низ аз Афғонистон фирор кардаанд.