"Шавқи ҷавонони мо ба технологияи компютерӣ кам аст"

Исфандиёр Раҳматов, ихтироъкори ҷавони тоҷик.

Номи Исфандиёр Раҳматов, ихтироъкори ҷавони тоҷик замоне сари забон афтод, ки гаҳвораи худкореро ихтироъ кард.
Исфандиёр Раҳматов 2 марти соли 1986 дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 8-и ноҳияи мазкур таҳсил кардааст. Баъд ба факултаи барномасозии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2012 ба поён расонидааст. Айни замон корманди озмоишгоҳи илмӣ-инноватсионии мехатроника ва робототехникаи донишгоҳи мазкур аст. Оиладор.

Дар иртибот ба Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола 15 апрел таҷлил мешавад, суҳбате доштем бо ихтироъкори ҷавон Исфандиёр Раҳматов.

Озодӣ: Исфандиёр, шунавандагони радиои «Озодӣ» қаблан бо гаҳвораи худкоре, ки шумо ихтироъ кардед, шинос шуда буданд. Оё то имрӯз ба он таваҷҷуҳ шуд ва чунин гаҳвора мавриди истифода қарор гирифт?

Исфандиёр Раҳматов: Одамони зиёд ба он таваҷҷуҳ карданд. Чун мо заводе надорем, ки истеҳсоли онро ба роҳ монем, ҳама корро дастӣ анҷом медиҳем, танҳо барои онҳое, ки пешпардохт карданд, чор-панҷ гаҳвора сохта додем. Ин гаҳвораро дар ҳар хонадон истифода баранд, вақти модарон сарфа мешавад.

Озодӣ: Гаҳвораи шумо чӣ қадар арзиш дорад?

Гаҳвораи ихтироъкардаи Исфандиёр

Исфандиёр Раҳматов: То якуним ҳазор сомонӣ. Агар истеҳсоли онро ба роҳ монанд, нархаш арзон ва сифаташ беҳтар мешавад.

Озодӣ: Донишгоҳи технологӣ муассисаи зертобеи Вазорати энергетика ва саноат аст. Шумо ба вазорат муроҷиат накардед, ки ба шумо кӯмак кунанд?

Исфандиёр Раҳматов: Не, ба ягон ҷо муроҷиат накардем. Агар соҳибкорон бо мо ҳамкорӣ кунанд, мо онро ба фурӯш барорем, ҳам онҳо фоида мекунанд, ҳам мо ва ҳам ба мардум манфиат мерасад.

Озодӣ: Бо вуҷуди ин шумо ноумед нашудеду боз ба ихтироъ даст задед?

Исфандиёр Раҳматов: Бале. Дар деҳот қувваи барқ нест. Мардум аз дӯғкашаки дастӣ истифода мебаранд. Дар баъзе хонаҳо ба воситаи мошинаи ҷомашӯӣ равғанро аз ҷурғот ҷудо мекунанд. Мо дӯғкашаке сохтем, ки бо батарея кор мекунад. Дар он аз кӯзаи гилӣ ва чархаи чӯбӣ истифода кардем, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дӯғаш ҳам болаззат ва равғани маскааш хуштаъм аст.

Озодӣ: Шумо вақте ба ин корҳо даст задед, ягон лоиҳа доштед, ки пешакӣ барои худатон муайян кунед, ки чӣ месозеду он чӣ натиҷа медиҳад?

Исфндиёр Раҳматов: Мо чизҳоеро, ки ҷомеа ба он ниёз дорад, ҳамонро сохтем. Боз компютере сохтем, ки қуттиаш аз чӯб аст. Ҳамаи он қисмҳоеро, ки дар компютер ҳаст, дар даруни як қуттӣ ҷой кардем. Дар компютери муқаррарӣ чанд сим аз қафояш овезон меистад. Дар хонае, ки кӯдаки хурд бошад, ин хавфнок аст. Компютери сохтаи ман танҳо як сим дорад, ки ба қувваи барқ пайваст мешавад. Дар дохили чӯб тунукаро истифода бурдем, ки он аз мавҷҳои

Компютер дар даруни қуттӣ

зараровар инсонро муҳофизат мекунанд. Мо тахтаҳое сохтем, ки барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна дар бораи дастгоҳҳои электроние, ки бо микросхемаҳои рақамӣ кор мекунанд, тамоми маълумоти заруриро медиҳад.

Озодӣ: Ин ихтирооти Шумо чӣ гуна қабул шуд аз ҷониби мутахассисон?

Исфандиёр Раҳматов: Мутахассисон баҳои хуб доданд. Ин ихтироъҳои моро ҳатто президент дида писандида буданд. Мо мехостем дар назди донишгоҳ коргоҳи хурд бошад, ки истеҳсоли онро ба роҳ монем. Барои мо маблағгузорӣ лозим аст.

Озодӣ: Оё ихтирооти худро ба кишварҳои дигар пешниҳод кардед?

Исфандиёр Раҳматов: Аз телевизионҳои Русияву Қазоқистон наворбардорӣ карда буданд.

Озодӣ: Барои ба комёбиҳои бештар ноил шудан чӣ кор карданиед?

Исфандиёр Раҳматов: Вақте шахс ҳис мекунад, ки барои пешравии ҷомеа бояд коре анҷом диҳад, аз ҳамон рӯз ақлаш ба сараш меояд ва зиндагиаш маънӣ пайдо мекунад. То ба ин фикр нарасӣ, будани инсон дар ҷомеа беҳуда аст. Пеш ман доимо фикр мекардам, ки баъди хатми донишгоҳ дар куҷо кор мекунам. Аммо чун ба ихтироъкорӣ шавқ пайдо кардам, бисёр шабҳои ман дар донишгоҳ мегузашт. Барои мо озмоишгоҳ сохтанд. Аллакай мо ҳунар омӯхтем. Мо медонем, ки дар куҷо кор кунем, чӣ хел зиндагиамонро пеш барем.

Озодӣ: Яъне, чӣ кор карданӣ ҳастед? Чӣ хел зиндагиатонро пеш мебаред?

Исфандиёр Раҳматов: Алъон дар донишгоҳ кор мекунам, маош мегирам. Боз ба таъмири компютеру телевизиор ва дигар дастгоҳҳои электронӣ машғулам.

Озодӣ: Шумо бо ҳамин қаноат карданиед? Намехоҳед чизҳои бузургтаре созед?

Исфандиёр Раҳматов: Ин барои ман оғози кор аст. Албатта, донишам қонеъкунанда нест. Ман ният дорам ба ягон давлати дигар рафта илми худро такмил диҳам. Ва ба ихтирооти сатҳи баланд даст занам. Олимони зиёдеро медонам, ки дониши баланд доранд, аммо онро ба ягон кас намеомӯзанд. Ман ба азоб ин чизҳоро ёд гирифтам ва мехоҳам барои насли оянда чизе тавонам, ёд диҳам.

Озодӣ: Имрӯз Тоҷикистон ба чӣ гуна ихтироъҳои техникӣ ниёз дорад?

Исфандиёр Раҳматов: Дар тамоми дунё бо суръати баланд технологияи компютерӣ рушд мекунад. Мардуми мо ҳам бояд ба технологияе, ки корашонро осон ва фаҳмишашонро зиёд мекунанд, рӯй оранд. Вале ҳавасмандии ҷавонон ба ин соҳа кам аст. Падару модарашон кам аҳамият медиҳанд.

Озодӣ: Оё ихтирооти ҳамсолони шумо метавонад моро умедвор кунад, ки дар оянда пойгоҳи техникии мустаҳкам хоҳем дошт?

Исфандиёр Раҳматов: Чанд рӯз пеш ман дар озмуни илмӣ-инноватсионӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок дошам. Ҳис кардам, ки ихтироъкорӣ авҷ гирифта истодааст. Аз тамоми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Фикру лоиҳаҳои хуб доштанд. Мехоҳам аз ҷониби роҳбарияти кишвар ва вазорати маориф марказе созанд, ки аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар он ҷавонони навовар зуд-зуд бо ҳам вохӯрда ҳамсуҳбат шаванд. Агар ҷавонон дар бораи ихтирооти ҳамдигар фикрашонро гӯяд, сифати он беҳтар мешавад. Азбаски чунин вохӯриҳо нест, сатҳи ихтироъкории мо паст аст. Ман инро дар озмуни шаҳри Хуҷанд ҳис кардам. Агар зуд-зуд чунин маҳфилҳо баргузор шавад, аз ихтироъҳои ҳамдигар бохабар шавем, фикри ҳамдигарро мефаҳмем.

Озодӣ: Шумо дар суҳбати қаблӣ гуфтед, ки оиладор ҳастед. Бо ишқу ошиқӣ оила барпо кардед ё бо пешниҳоди волидон?

Исфандиёр Раҳматов: Ошиқӣ дурӯғ аст, муҳим ҳамдигарфаҳмист. Агар касе писанд ояд, бояд бубинӣ, ки рафтораш то чӣ андоза мувофиқи расму оини тоҷикист. Бисёриҳо ба зебоии духтар дил мебанданд. Зебоӣ муҳим нест. Барои оила барпо кардан бештар ҳамсуҳбат шуда, ҳамсари ояндаро омӯхтан даркор аст. Ҳамсарам дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекард. Ман як сол бо телефон ҳамроҳаш суҳбат кардам, омӯхтам. Баъд бо розии падару модар издивоҷ кардем.

Озодӣ:
Гуфтед, ки баъзе шабҳоро дар донишгоҳ рӯз мекунед. Оё дар чунин ҳолатҳо ҳамсаратон шуморо мефаҳмад, дастгирӣ мекунад?

Исфандиёр Раҳматов: Ман аз интихоби худ розӣ ва хурсандам.