Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро рӯзи сешанбе, 12-уми март, соати 15 дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дастаи “Регар-ТадАЗ” ва рақибаш – тими “Ал-Риффа” дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба бозии дувуми худ омодагӣ мебинанд.
Ҳамчунин, комиссари ин бозӣ Ту Ксилианг (Чин), доварон аз Туркманистон - Чоримурод Қурбонов (сардовар), Сафармамед Қурбонов, Игор Барабаш (ёварони сардовар) ва Алибек Сапаев (довари эҳтиётӣ) ба Хуҷанд омадаанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар сафар бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд. Дастаи “Ал-Риффа» бошад, дар нахустин бозиаш дар майдони худ аз тими «Кувайт» (Кувайт) бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрдааст.
Дастаи “Кувайт” бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “А” пешқадам аст. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Сафо” якимтиёзӣ ба даст овардаанд, вале тими “Риффа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтааст.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми AFC – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия рақобат мекунад. Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия, ин бозӣ дар майдони бетараф – дар шаҳри Аззаркаи Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад, ки ғунҷоишаш 17 ҳазор тамошогар аст, баргузор мешавад.