Иди занон дар табрикномаҳои замони Шӯравӣ

Ин табрикномаи соли 1932 ҳанӯз табиати сиёсии Рӯзи байналмилалии занонро нишон медиҳад

Табрикномаи солҳои 60 хеле камтар бӯи сиёсат мекунад.

Дар ин постер зан ҳамчун модару мураббӣ ва коргару деҳқон ситоиш мешавад.

Бархе табрикномаҳо ба нақши азалии модар арҷ мегузоранд...

... ва дар бархе дастовардҳои занони алоҳида, чун Валентина Терешкова, нахустин зане, ки соли 1963 ба кайҳон парвоз кард, дарҷ шудаанд.

Ин табрикнома ба сифати байналмилалӣ дар иди 8 март таъкид мекунад.

Ин табрикнома парчамҳои ҳамаи 15 ҷумҳурии Шӯравиро зери ин шиор муттаҳид кардааст: "Шараф ба занони ватани мо!"

Дар табрикномаҳои аҳди Шӯравӣ аз либоси миллии русӣ фаровон истифода мешуд.