Акси рӯз
Баъди бомбаборони шаҳри шимолии Ҳалаби Сурия аз тарафи нерӯҳои давлатӣ зане бо фарзанди маҷрӯҳаш савори таксӣ шуда, ба шифохона омадааст. (AFP/Aamir Qureshi)
Эътирозгарон дар назди бинои китобхонаи миллии Гурҷистон ҷамъ шуда, имкон надоданд, президент Михеил Саакашвилӣ охирин паёми солонаашро дар толори он ироа кунад (Reuters/David Mdzinarishvili)
Зане дар наздикиҳои шаҳри Варшаваи Полша (Лаҳистон) сагу аспашро дар рӯи барф тамрин медиҳад.(AFP/Janek Skarzynski)
Зане дар деҳаи Оқ Урдуи канори Бишкек либосҳои шусташударо ба банд меовезад. (AFP/Vyacheslav Oseledko)
Корвони низомиёни Фаронса ба самти шаҳри Гао (Малӣ)и ҳаракат мекунад. (AFP/Pascal Guyot)
Сокинони шаҳри Зоупинги вилояти Шандонги Чин барои таҷлили соли нави чинӣ омодагӣ мегиранд. Соли нави чинӣ бар асоси ҳаракати моҳ ҳисоб мешавад. Имсол соли нав тибқи ин тақвим 10-уми феврал оғоз хоҳад ёфт.(AFP)
Зане дарм аркази Киев тавассути чатр худро аз борон пинҳон кардааст. Наворбардорӣ аз паси шиша ин занро мисли наққошӣ ҷило медиҳад. (Reuters/Gleb Garanich)
Ҷон Бреннан-номзади Қасри Сафед барои ишғоли курсии раиси Агентии марказии кашфи ИМА ба суолҳои вакилони Кноргесс посух медиҳад. (AFP/Jewel Samad)
Фармондеҳони нерӯҳои ҳавоии Эрон раҳбари рӯҳонии ин кишвар оятуллоҳ Лаии Хоманайиро дар Теҳрон пешвоз мегиранд. (АFP/Khamenei website)
Кишоварзи покистонӣ ҳосили ҷуворимакккаро ҷамъ мекунад. (Reuters/Mohsin Raza)
Марде дар кӯчаи холии минтақаи Замалкаи Димашқ баъди ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ биноҳои оташгирифтаро тамошо мекунад. (Reuters/Goran Tomasevic)
Тоҷири ҷавони афғон дар Кобул пуфакҳоро ба фурӯш баровардааст. (AFP/Shah Marai)
Мошинҳои боркаш дар роҳи кӯҳии вилояти Хайбар Пахтунхво
Эътирозгарони тунисӣ аз гази ашковар фирор мекунанд.(AFP/Fethi Belaid)
Пажӯҳигар Бертолт Бейер ба симои маснуъ нигоҳ мекунад. Роботи Рекс дар Лондон симои комилан инсонӣ дошта, тамоми ҳаракатҳои инсонро такрор мекунад (AFP/Andrew Cowie)
Кӯдаке дар Алмаато ба кабӯтарон дон медиҳад. (Reuters/Shamil Zhumatov)
Марди кашмири дар рӯзи сарди зимистонӣ бо каиқаш дар кӯли Дали Сринагар шино дорад. (Reuters/Danish Ismail)
Ҳиндуҳо баъди зиёрати рӯди Ганг ва ширкат дар маросими мазҳабии Ямуна дар Аллоҳобод ба хона бармегарданд. Дар ин маросим то 100 миллион нафар тӯли 55 рӯз дар обҳои муқаддаси Ганг худро пок кардааанд. Гуфта мешавад, ки дар чунин шустушӯй гуноҳи шахс шуста мешавад. (AFP/Sanjay Kanojia)
Дар маросими ҷашни солгарди шӯриши нокоми соли 1992 сарбозони венесуэлӣ аксҳои президенти бемор Ҳуго Чавезро боло бардошат буданд. Дар он ошӯби ноком афсари артиш Чавез бар зидди президент Карлос Андрес Перес қиём карда буд. (AFP/Leo Ramirez)
Хори овозҳонҳо дар аввалин ҷаласаи парламенти нави Украина. (Reuters/Gleb Garanich)
Мақбара(мавзолей)-и Ленин мавриди тармиму таъмир қарор гирифтааст ва дар Майдони сурхи Маскав рӯи онро пӯшидаанд, то кор зимистон ҳам мутаваққиф нашавад. Тибқи нақша тармим мақбара то охири моҳи апрел идома мекунад. (AFP/Alexander Nemenov)
Чархболи амрикоӣ дар ҳарими ҳавоии вилояти Қандаҳори Афғонистон. (Reuters/Andrew Burton)
Алан Роберти фаронсавӣ, ки "Spiderman", яъне инсони шабеҳи анкабут лақаб дорад, бидуни мушкилӣ ба боми меҳмонсарои Ҳабанаи пойтахти Куба баромад. Баландии Ҳабан 126 метр аст. Роберт дар саросари олам биноҳои бисёртабақаро бидуни таҷҳизоти амниятӣ фатҳ мекунад.(Reuters/Ramon Espinosa)
Сарвазири Британия аснои меҳмондории президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ва раҳбари Покистон Осиф Алии Зардорӣ. (AFP/David Parker)
Дар як кӯдакистони шаҳри Красноярски Русия кӯдакон дар 23 дараҷаи таҳти сифр дар оби сард шино мекунанд. Дар ин кӯдакистон ҳаммоми буғӣ ва оби сард паи ҳам меоянд. Ба қавли ходимони кӯдакистон ин таҷриба дар тӯли 15 сол идома дошта, собит кардааст, ки ин амал тобоварии кӯдакон ба бемориҳоро таҳким мебахшад. (Reuters/Ilya Naymushin)
Кӯдаке дар соҳили рӯди Нигери шаҳри Тимбуктуи Малӣ интизори чупонҳо мебошад, ки ҳамроҳ бо чорвои оилаи онҳо ба ҳосил меояд. (AFP/Pascal Guyot)
Духтарони мактабхонӣ эронӣ дар ҷаласаи парламенти ин кишвар иштирок карданд, то паёми президент Маҳмуди Аҳмадинажодро гӯш кунанд. (AFP/Atta Kenare)
Кӯдаке манзараи рӯди Енисейи вилояти Красноярски Русияро тамошо мекунад. (Reuters/Ilya Naymushin)
Набарди силоҳбадастони Артиши Сурияи озод бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар яке аз маҳаллаҳои Димашқ.
(Reuters/Goran Tomasevic)
Соҳиби боғи ҳайвоноти Манилаи Филиппин Эмануэл тангко соли морро дар байни морон таҷлил мекунад. (Reuters/Erik De Castro)
Кӯдаке аз дохили студияи аксбардории Кобул назар мекунад. (Reuters/Omar Sobhani)
Бар пояи таҳқиқоти пажӯҳишгарони Британия ин косахонаи сар, ки 4-уми феврал дар ҷараёни ҳафриёти як калисои минтақаи Лейсестер ёфт шуд, косахонаи сари шоҳ Ричарди III аст, ки 500 сол пеш зиндагӣ кардааст. Пажӯҳишгарон ДНК-и инкосахонаи сарро бо ДНК-и шаҳрванди канада Майкл Ибсен ҳамсо мешуморанд. Аҷдоди Ибсен аз оилаи хоҳари Ричард мебошанд. (AFP)
Саги бузург аз дасти соҳибаш дар шаҳри Бишкек ғизо мегирад, ки дар амал ин акс бозии суратгир аст, на ҳодисаи воқеӣ. (RFE/RL)