Қатли як мушовири амрикоӣ аз сӯи пулисзани афғон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як пулиси зан дар Афғонистон субҳи имрӯз, 24-уми декабр дар идораи фармондеҳии амнияти вилояти Кобул, як мушовири амрикоии ин ниҳодро куштааст.Дар гузашта ҳолатҳои кушта шудани мушовирон ва ё сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон аз сӯи ҳамтоёни марди худ мушоҳида шуда буд, вале ин барои аввалин бор аст, ки як зани афғон қасди ҷони мушовирони хориҷӣ мекунад.