Ҳалокати 3 тан дар таркише дар Афғонистон

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, дар вилояти Вардаки ин кишвар дар натиҷаи инфиҷори мошини бамгузоришуда 3 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Ғулом Форуқ Мухлис-сартабиби бемористони вилоятии Вардак ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса тақрибан 40 нафар осеб дидаанд.

Толибон масъулияти ин бамгузориро, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар Майдоншаҳр-маркази вилояти Вардак рух дод, бар ӯҳда гирифтанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гуфт, ин ҳамла посухи Толибон ба ҳукумат барои эъдоми 4 нафар Толибон будааст. Рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул 4 Толиб, ки дар боздошт қарор доштанд, эъдом шуданд.

Мақомоти расмӣ мегӯяд, мошини бамгузоришуда дар наздикии бинои пулис рух додааст, ҷое, ки кормандони пулиси Афғонистон ва сарбозони онҳо тамрин мебинанд.