Никола Кавазович муваққатан Тоҷикистонро тарк кард

Никола Кавазович, сармураббии дастаи миллии футболи Тоҷикистон.

Никола Кавазович, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ба иллати вазъи саломатиаш муваққатан Тоҷикистонро тарк кард.
Дар ин бора ба “Озодӣ” Фаридун Солиев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, хабар дод. Вай афзуд, ”мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович рӯзи 21-уми ноябр ба Белград парвоз кард. Ба ӯ чанд муддат оромӣ зарур аст. Баъди Соли нав Кавазович боз ба Душанбе бармегардад. Дар се бозии охирини мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо дастаҳои “Хуҷанд»-и Хуҷанд (22-юми ноябр), «Энергетик»-и Душанбе (25-уми ноябр) ва «Равшан»-и Кӯлоб (29-уми ноябр) ба “Истиқлол” мураббии калон Мубин Эргашев раҳбарӣ мекунад.”

Ба дастаи «Истиқлол», ки дар ҳамин ҳол бо 47 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии кишвар баъди тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва «Хайр»-и Ваҳдат дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст, барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ дар се бозии мавқуфгузошта шаш имтиёз ба даст овардан зарур аст.