ФФТ беҳтаринҳои моҳи октябрро эълон кард

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бар асоси назархоҳӣ беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳи октябрро эълон кард.
Ҳамлагари дастаи «Хайр»-и Ваҳдат Мирзобек Мирзоев беҳтарин бозигар, сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Маъруф Рустамов беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА аз Душанбе Рустам Холов беҳтарин довар дониста шуданд.

Беҳтаринҳои моҳи октябр бо мукофтпулӣ ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ сарфароз мешаванд.