Дар Юнон бекорӣ дар миёни мардум ба ҳадде расидааст, ки то ҳол дида нашуда буд. Ба гуфтаи Оҷонси давлатии омори Юнон сатҳи бекорӣ ба 25,4 дар сад расидааст ва аз миёни 10 миллион нафар аз аҳолии кишвар, бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафари онҳо бекоранд. Бар тибқи гузориши оҷонсӣ, бештар аз нисфи ҷавонони аз 15 то 24-солаи юнонӣ ҷойи кор надоштаанд. Юнон дар чанги бӯҳрони қарзӣ гирифтор аст ва рӯзе чаҳоршанбе порлумони ин кишвар барномаи дардноки сарфаҷӯии давлатро тасвиб кард, то аз Сандуқи Байналмилалии Пул ва Иттиҳодияи Аврупо миллиардҳо евро кӯмаки молӣ бигирад. Дар акси ҳол хазинаи давлати Юнон то нимаи моҳи ноябр холӣ мешуд. Вале айни замон, вазири молияи Олмон рӯзи панҷшанбе гуфт, мумкин аст, кӯмаки 31 миллиарду 500 миллион евроӣ барои Юнон ҳафтаи оянда ҳам ихтисос дода нашавад.