Наққошии Кандинский 23 миллион доллар фурӯхта шуд ноябр 08, 2012 Рӯзи чоршанбе наққошии ҳунарманди авангардисти рус Василий Кандинский дар музоядаи Кристии шаҳри Нюйорк ба маблағи 23 миллион доллар фурӯхта шуд. Дар ҳамин фурӯшгоҳ як наққошии Клод Моне бо нархи 43,8 миллион доллар харидор пайдо кардааст.