Байни Новосибирску Кӯлоб Airbus A320 парвоз мекунад

Намунаи Airbus A320, ки барои ширкати Армавияи Арманистон хидмат мекунад

Ширкати ҳавоии “Сибирь" аз 3 ноябр парвозҳои худро дар масири Новосибирск-Кӯлоб оғоз мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии фурудгоҳи ба номи Толмачёваи шаҳри Новосибирск хабар додааст.

Ин парвозҳоро ҳавопаймо ё Airbus A320анҷом медиҳад. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, парвози мазкур ҳар ҳафта рӯзи шанбе сурат мегирад ва вақти парвоз 3 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.

Дар бораи нархи билет чизе гуфта намешавад.