Теъдоди қурбониёни тӯфони “Сэнди” дар Амрико то 43 нафар афзоиш ёфт. Мири Ню-Йорк Майкл Блумберг гуфт, ки дар ин шаҳр аз офати табиӣ 18 нафар ҷон бохтанд. Дар минтақаҳои офатзада корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд ва аз ин рӯ шояд теъдоди қурбониён афзоиш ёбад.
Дар Ню-Йорк метро ва нақбҳо зери об мондаанд. Ба гуфтаи Майкл Блумберг, ҳаракати қаторҳо дар метро шояд чанд рӯз баъд аз сар гирифта шавад. Дар шаҳр беш аз 20 сӯхтор рӯй дод, даҳҳо бино осеби ҷиддӣ дидааст. Дар аёлати Ню-Ҷерсӣ ба хотири таъмини амният кори реакторҳо дар чанд нерӯгоҳи ҳастаӣ мутаваққиф карда шуд. Гуфта мешавад, ки “Сэнди” ба иқтисоди Амрико даҳҳо миллиард доллар хисорот ворид кардааст.
Обхезӣ ба Вошингтон ҳам таҳдид мекунанд – бар асари боронҳои пайваста шояд рӯдхонаи Потомак аз соҳилҳояш берун шавад.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, гуфт, ки бӯҳрон ҳанӯз раъф нашудааст ва ҳама барномаҳои пешазинтихоботияшро лағв кард, то ки ҷараёни рафъи паёмадҳои тӯфонро шахсан назорат кунад.