Тотористон – барандаи Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгарони Тотористони Русия ба анҷом расид.
Ин мусобиқа бо ширкати 6 дастаи мардона аз Тоҷикистон (се даста), Қазоқистон, Қирғизистон ва Тотористони Русия дар шаҳри Душанбе, дар толори варзишии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Тотористон мақоми аввалро касб кард ва бо мукофоти аслӣ – Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон сарфароз шуд. Тими Қазоқистон ҷойи дувум ва дастаи Тоҷикистон-2 ҷойи севумро гирифтанд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ Равил Мутигулин аз Тотористон ғолиб шуд. Денис Жолудеви қазоқистонӣ ҷойи дувум ва ҳамдастааш Самад Бейсенов ҷойи севумро соҳиб шуданд. Сомони Ҳусейн, теннисбози ҷавони тоҷик, ҷойи чаҳорумро азони худ кард.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тотористон таҳти раҳбарии мураббӣ Фарҳод Исмоилов, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар ин мусобиқа ба ғайр аз Равил Мутигулин, инчунин, ду нафари дигар, бародарон Саъдӣ ва Хайём Исмоиловҳо ҳунарнамоӣ карданд. Ҳарду дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадаанд.

Ба гуфтаи падарашон Фарҳод Исмоилов онҳо се соли ахир дар шаҳри Қазон ба

Зайд Саидов, раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон.

ар мебаранд ва дар мусобиқоти мухталиф аз номи Тотористони Русия ҳунарнамоӣ мекунанд. Саъдӣ, ки ба ҳайати мунтахаби Русия шомил аст, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2011 миёни навҷавонон мебошад.

Зайд Саидов, раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мақсади асосии мо дарёфти истеъдодҳои нав аз байни варзишгарони тоҷик, ҳамчунин, сайқал додан ва рушди ин намуди олимпии варзиш дар кишвар мебошад. Азбаски тенниси рӯи миз дар Қазоқистону Тотористони Русия хеле пеш рафтааст, мо мехоҳем, ки теннисбозони мо аз варзишгарони ин ҷумҳуриҳо таҷоруби хуби бозӣ касб кунанд. Мо медонем, ки бидуни гузаронидани чунин мусобиқот ва иштироки варзишгарони мо дар онҳо наметавон ба натиҷаҳои хуб расид. Худоро шукр мекунем, ки бачаҳои мо дар чанд соли ахир дар ин намуди бозӣ хеле пеш рафтаанд ва умед дорем, ки дар солҳои наздик дар мусобиқаҳо ба натиҷаҳои беҳтару хубтар ноил мегардем.”


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Зайд Саидов ва Малик Бейсалиев



Малик Бейсалиев (аз чап) ва Фарҳод Исмоилов (аз рост)

Малик Бейсалиев, ноиби президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Қазоқистон, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз пазироии хуши мизбонон изҳори хушнудӣ карда, гуфт, “ин мусобиқа, ки дар сатҳи баланд баргузор шуд, бешак, барои баландшавии маҳорати теннисбозони мо хидмат мекунад. Умедворем, ки ин мусобиқа анъанавӣ мегардад ва тавассути он ҳамкориҳои мо бо Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон боз ҳам вусъат меёбад. Дар навбати худ мо низ теннисбозони тоҷикро ба мусобиқоте, ки дар кишвари мо баргузор мешавад, даъват мекунем.”

Сайдулло Сайидамиров, ҳамоҳангсози Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” иттилоъ дод, ки ҳамзамон дар мусобиқаи қаҳрамонии тенниси рӯи мизи кишвар ҳашт дастаи мардона ва ҳашт дастаи занона аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор ширкат доштанд.

Сабқати мардон бо ғалабаи дастаи Душанбе-1 хотима ёфт. Дастаи Суғд-1 мақоми дувум ва тими Хатлон-2 мақоми севумро касб карданд.
Дар сабқати занон низ дастаи Душанбе-1 ғолиб шуд. Дастаи Суғд-1 дар ҷойи дувум ва тими Хатлон-2 дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Сомони Ҳусейн (Душанбе) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дамири Шодӣ (Хатлон) бо медали нуқра ва Авзал Маҳмудов (Суғд) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар сабқати занон Зулфинисо Саидолимова (Суғд) пирӯз гашт. Сумаяи Амирӣ (Хатлон) дувум ва Азиза Қориева (Суғд) севум шуданд.

Натоиҷи рақобатҳо дар навъҳои дигар чунин аст:

Ҷуфти мардона: 1.Убайдулло Султонов ва Сомони Ҳусейн (ҳарду аз Душанбе). 2.Инъом Саидов (Хатлон) ва Шӯҳрат Муқимов (Душанбе). 3.Авзал Маҳмудов ва Миряҳё Яҳёев (ҳарду аз Суғд).

Ҷуфти занона: 1.Зулфинисо Саидолимова (Суғд) ва Сумаяи Амирӣ (Хатлон). 2.Азиза Қориева ва Азиза Раҷабова (ҳарду аз Душанбе). 3.Зарина Шарифова ва Ганҷина Раҷабова (ҳарду аз Душанбе).

Ҷуфти омехта: 1.Миряҳё Яҳёев ва Зулфинисо Саидолимова (ҳарду аз Суғд). 2. Сомони Ҳусейн ва Ганҷина Раҷабова (ҳарду аз Душанбе). 3. Инъом Саидов (Хатлон) ва Азиза Қориева (Душанбе).