Дар ИМА тарҳи як ҳамлаи террористӣ хунсо шуд

Мақомоти Амрико мегӯянд, як ҷавонеро боздошт кардаанд, ки қасд дошт, бинои Бонки Марказии Амрико дар шаҳри Ню Йоркро битарконад. Қозӣ Нафиси 21-сола дар амалиёти тарҳрезишудае субҳи чаҳоршанбе ба доми маъмурони амниятии Амрико афтодааст. Ӯ як мошинеро, ки фикр мекард, 453 килограм маводи тарканда дорад, дар назди бинои бонк гузошта ва хостааст, онро битарконад. Муфаттишони амрикоӣ мегӯянд, Қозӣ Нафис бо Ал-Қоида иртибот дошта ва моҳи январ вориди Амрико шудааст. Маъмурони амниятии Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико аз ҳамон замон Қозӣ Нафисро ба дом андохта, вале баъди мушоҳидаи амалҳояш дастгир кардаанд.