Баҳси Тошканду Душанбе бар сари "у" ва "за"-и русӣ

Обанбори "Фарҳод" дар минтақаи шимоли Тоҷикистон

Дар баҳси миёни Тоҷикистону Узбакистон барои обанбори "Фарҳод" масъалаи забонӣ пеш омадааст.
Ба назар мерасад, дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон акнун на фақат паёмадҳои экологиву марз, балки пешояндҳо низ "гунаҳкор" ҳоҳанд буд. Аммо на пешоянди тоҷикиву узбакӣ, балки пешоянди забони русӣ.

Шояд хонандагон тамасхур пиндоранд ва гӯянд, забон ба баҳси Тошканду Душанбе чӣ рабте дорад. Вале раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Саймӯъмин Ятимов, дар мулоқот бо сокинони Хоруғ ба муносибати Тоҷикистону Узбакистон низ дахл карда гуфт, агарчӣ мардум нисбат ба якдигар мухолифате надоранд, аммо мавқеи мақомоти ду кишвар дар робита ба сохтмони Роғун ва обанбори "Фарҳод" (дар минтақаи шимоли Тоҷикистон) дар густариши муносибатҳо монеа эҷод кардааст. Ба гуфтаи Ятимов, ба ивази ҳалли бархе аз масоили иқтисодӣ ва ҳамлу нақл намояндагони Узбакистон шарт мегузоранд, ки обанбори "Фарҳод" ба онҳо дода шавад. Обанборе, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дораду аз аҳамияти хеле муҳим бархӯрдор аст.

Ӯ афзуд, дар як музокирот намояндагони кишвари ҳамҷавор харитаи даврони Шӯравиро пешниҳод кардаанд, ки дар он навишта шудааст: "граница между Узбекистаном и Таджикистана проходить у водохранилище Фархад". Ба қавли раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, вай агарчӣ даъвои мутахассиси хуби забони русӣ буданро надорад, вале пешоянди "у" дар забони русӣ маънои "аз пеши"-ро дорад ва ҳокист, ки хатти марзи байни ду кишвар аз пеши ин обанбор мегузарад, на аз паси он. Ӯ гуфт, "ҳозир нерӯҳо дар он ҷо ҳастанд, ки ягон ҳодиса нашавад."

Устоди кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хоруғ Давлатамон Абдураҳмонов мегӯяд, ҳатто ба одитарин донандаи забони русӣ маълум аст, ки пешоянди "у" дар забони русӣ ҳеҷ гоҳ маънои аз "қафои чизе"-ро надорад. Ба гуфтаи вай, агар дар ҳуҷҷат пешоянди русии "за" меомад, ҷониби Узбакистон метавонист баҳсро а фоидаи худ ҳал кунад.

Вале вақте сухан дар бораи манфиатҳо дар минтақа меравад, забони давлатмардони кишварҳои дигар дар баёни ҳақиқат лол мемонад. Тавре президенти Русия дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Роғун ҳарфе нагуфт, гумон аст, ки забоншинсони варзидаи рус дар бораи пешояндаи русии "у" дар робита ба обанбори Фарҳод изҳори назар карда, ба Тоҷикистон ёрӣ кунанд.

Фикр мекунед, оё ҷониби Узбакистон қоил хоҳад шуд, ки пешоянди "у" дар забони русӣ воқеан маънои аз пеши чизе гузаштанро дорад? Ё дар музокироти оянда акнун дар қатори мутахассисони риштаҳои гуногун лингвистҳо ҳам ба баҳс хамроҳ шуда, исбот карданӣ мешаванд, ки пешоянди "у" ба мисли пешоянди "за" дар забони русӣ маънои "аз паси чизе" гузаштанро дорад?