"Ҳифзи намояндагиҳои дипломатӣ масъулияти ман аст"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳилларӣ Клинтон ҳифзи намояндагиҳои дипломатии Амрико дар хориҷаро ҷузъе аз масъулиятҳои худ донист. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 15-уми октябр дар посух ба ҳамлаи моҳи гузашта ба консулгарии Иёлоти Мутаҳида дар Бенғозии Либия баён дошт, ки яке аз мавзӯъҳои баҳс дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шудааст.