Ҳалокати 13 нафар бар асари фуруди иҷбории ҳавопаймо

Бар асари фуруди иҷбории ҳавопаймои АН-12 дар Судон 13 нафар ба ҳалокат расида, 9 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҳавопаймо аз шаҳри Хартум сӯи шаҳри Ал-Фашер, маркази Дорфури шимолӣ, парвоз мекард.

Қабл аз фуруди иҷборӣ дар биёбон халабонҳо ба масъулини парвоз дар фурудгоҳи пойтахт дар бораи мушкили фанни яке аз муҳаррикҳо хабар доданд.