“Истиқлол”-и Душанбе дар даври ниҳоии сабқат барои Ҷоми раиси AFC (Иттиҳодияи футболи Осиё) бар тими фаластинии «Марказ- ал-шабоб -ал-Амъарӣ», ки аз як урдугоҳи паноҳандагон дар канори Ромуллоҳ намояндагӣ мекунад, бо ҳисоби 2 :1 ғолиб омада, сазовори ин ҷом шуд. Ҷоми раиси AFC соли 2005 барои кишварҳои аз нигоҳи футбол заифи қораи Осиё ташкил шуда, то “Истиқлол” тими дигари Тоҷикистон – “Регар-ТадАЗ” – се дафъа дар солҳои 2005, 2008 ва 2009 ба ин ҷом шарафёб шуда буд. Имсол дар мусобиқоти Ҷоми раиси AFC 12 тим ширкат кард.
"Истиқлол" соҳиби Ҷоми раиси AFC шуд
Никола Кавазович - сармураббии "Истиқлол"