Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии аризаи шикоятии панҷ нафар аз гуруҳи 53-нафарии "истаравшаниҳо" оғоз кард.
Ин панҷ нафар иддао доранд, ки дар пайи шиканҷа ба гуноҳи нокарда иқрор шудаанд ва акнун аз Додгоҳи Олӣ мехоҳанд, қарори додгоҳи минтақавиро лағв кунад ва ба онҳо сабукӣ бидиҳад.
Мурофиаи додгоҳӣ зери раёсати муовини раиси Додгоҳи олӣ ҷаноби Сатторов идома дорад ва дар он аризаи панҷ нафар -- Зокир Каримов, Фирдавс Каримов, Соҳиб Собитов, Акмал Ҳошимов ва Исматулло Додоев, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, баррасӣ мешавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар бораи натиҷаи мурофиаи шикоятии ин афрод чизе гуфтан барвақт аст, зеро муҳокимаи санадҳои пешинҳодшуда дар мавриди шиканҷаи онҳо идома дорад.
Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи ин панҷ нафар ба Радиои Озодӣ гуфт, гузориши комиссия, ки барои тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва зӯроварӣ нисбат ба афроди зерҳимояташ ба мурофиа пешинҳод шудааст, шубҳабарангез менамояд. Зеро ба қавли ӯ дар гузориш гуфта мешавад, ки нишонаҳои зӯроварӣ ё доғҳои сиёҳу ҷароҳатеро дар тани маҳкумшудаҳо мушоҳида накардааст.
Вакили мудофеъ мегӯяд, гумон аст, дар ин мурофиа зерҳимоятонаш сафед шаванд, зеро ба бовари ӯ, ҷараёни нишондодҳои комиссия воқеъбинона сурат нагирифтааст.
Бахтиёр Насруллоев афзуд, имрӯз танҳо бо гузориши комиссия шинос шуданд ва дар мурофиа то нишасти баъдӣ танаффус эълон шуд.
Додгоҳи вилояти Суғд моҳи декабри соли 2011-ум ин панҷ нафарро аз гурӯҳи 53-нафарии маъруф ба "истаравшаниҳо" бо ҷурми мустақиман даст доштан дар ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли 2010-ум дар бинои Бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.
Ин ҳамлаи маргбор чаҳор кушта ва 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд. Ҳамчунин ҳудуди 10 тан аз ин гурӯҳ бо ҷурми роҳандозии амалиёти террористӣ ва дигарон барои ҳамдастӣ бо Ҳаракати Исломии Узбакистон аз 8 то 30 сол равонаи зиндон шуда буданд.