Ҳалокати сарбозони турк дар як ҳамлаи ҷудоихоҳони курд

Дар шарқи Туркия бар асари мушакборони корвони мошинҳои низомӣ 7 сарбози артиш кушта ва 56 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои мақомоти амниятӣ, корвони мошинҳо дар минтақаи миёни вилоятҳои Бингол ва Мюс ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон қарор гирифтааст.