Ҳалокати 7 нафар дар таркише дар Бағдод

Бар асари таркиши маргталабона дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дасти кам 7 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ таркиш дар даромадгоҳи “минтақаи сабз”, ки биноҳои ҳукуматӣ ва сафоратхонаҳо ҷойгиранд, ба вуқӯъ пайваст. Миёни кушташудагон – ду низомии ироқӣ ҳам ҳастанд.