Имрӯз дар Тоҷикистон борон дар назар нест

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст.

Дар Душанбеву Хуҷанд ва минтақаи Кӯлоб ҳарорат рӯзона ба 37-38 дараҷа мерасад.

Аммо дар водии Вахш гармо ба беш аз 40 дараҷа хоҳад расид.

Дар Хоруғ ҳаво рӯзона то 22-27 дараҷа гарм мешавад.