Полиси Техас номи ҳамлагар дар хобгоҳро эълон кард

Томас Кеффэл

Полиси шаҳри Коллеҷ-Стейшени аёлати Техаси ИМА ному насаби мардеро эълон кард, ки дар ҳалокати ду нафар бар асари тирандозӣ дар хобгоҳи донишгоҳи A&M гумонбар мешавад. Гуфта мешавад, ки Томас Кеффэл 35 сол дошт ва зодаи шаҳри Брайан, воқеъ дар ҳамин аёлат, буд. Иттилоъ дар бораи Кеффэл аз сафҳаи ӯ дар сомонаи иҷтимоии Facebook гирифта шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ сабабҳои ҳамларо эълон накардаанд.

Бар асари тирандозӣ дар шаҳри Коллеҷ-Стейшен, ки тақрибан ним соат идома дошт, як корманди полис ва як раҳгузар кушта шуданд, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамлагар дар ҷараёни амалиёти боздошт маҷрӯҳ шуд ва баъдан аз олам даргузашт.