Шодибек Ғаффоров - беҳтарин футболбози июл

Федеросиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҳамлагари тими “Энергетик”-и Душанбе Шодибек Ғаффоровро беҳтарин футболбози моҳи июл эълон кард. Ӯ бо касби 46 имтиёз аз Азимҷон Юнусзода, нимҳимоятгари ЦСКА “Помир” ва Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ” пеш гузашт. Сармурабии собиқи “Хайр”-и Ваҳдат Тоҳир Мӯъминов беҳтарин мураббии моҳи июл ва Раҳмон Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довари моҳ эълон шуданд. Ҳар кадоми онҳо аз ФФТ 500 сомонӣ ҷоиза хоҳанд гирифт.