Тирандозӣ дар Хоруғ баъди 17 рӯзи оромии нисбӣ

Ба гуфтаи манобеъи Радиои Озодӣ, рӯзи ҷумъа бар асари тирандозӣ дар як посгоҳи нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ як тан кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар пулиси шаҳр гуфтаанд, ки як ронандаи “Тангем” алорағми амри нирӯҳои давлатӣ манъ накард ва ҳадафи тир қарор гирифт. Хабари дигар аз Хоруғ мегӯяд, ҳудуди 200 тан аз нирӯҳои давлатӣ инҷоро ба қасди Душанбе тарк гуфта, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков рӯзи ҷумъа ба мақомот таслим шудаанд. Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар ду гумонбари аслӣ дар қатли раҳбари идораи амнияти вилоят Абдуллоҳ Назаров маҳсуб мешаванд. Ин ду иқдом зоҳиран натиҷаи музокиротест, ки ба гуфтаи манобеъи Радиои Озодӣ, дар Хоруғ байни намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мақомот идома дорад.