ИМА устоди террористонро таҳрим кард

Сомонаи департаменти давлатии ИМА

ИМА як фарди муттаҳам бо таълими ҷангҷӯёни хориҷии мустақар дар Афғонистонро мавриди таҳрим қарор дод. Дар изҳороти департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфта мешавад, ки шаҳрванди Арабистони Саудӣ Аъзам Абдуллоҳ Зурайк ал-Мавлид ас-Субҳӣ, ки бо лақаби Мансур ал-Ҳарбӣ маъруф мебошад, ҷангҷӯёни хориҷиро барои муқовимат ба нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон омода мекардааст. Бо қарори ҳукумати ИМА моликияти Мансур ал-Ҳарбӣ дар қаламрави ИМА ба ҳабс гирифта мешавад ва шаҳрвандони ИМА ҳақ надоранд бо ӯ ҳамкорӣ кунанд. Ба қавли департаменти давлатӣ ал-Ҳарбӣ беш аз даҳ сол аст6к и ба Афғонистонро рафта, узвияти ал-Қоидаро қабул кардааст. Арабаситони Саудӣ ҳам ба Интерпол дархости истирдоди ал-Ҳарбиро ирсол намудааст.