Владислава Овчаренко ба даври ниманиҳоӣ роҳ наёфт

Владислава Овчаренко

Рӯзи даҳуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон шаби душанбе натиҷагирӣ шуд.
Аз рӯи натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 70 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин Чин дар ҷойи аввал аст. Чиноиҳо ҳамагӣ 64 медал - 31 тилло, 19 нуқра ва 14 биринҷӣ ба даст овардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 63 медал – 29 тилло, 15 нуқра ва 19 биринҷӣ дар ҷойи дувум аст. Бритониёи Кабир бо касби 40 медал – 18 тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 38 кишвар дар даҳ рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштаанд. Ба ғайр аз Чин, ИМА ва Бритониёи Кабир, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ 11 медали тилло, Фаронса 8, Русия ва Италия 7-тоӣ нишони тилло, Қазоқистон 6, Олмон 5, Маҷористон ва Кореяи Шимолӣ ҳар кадом 4 медали тилло, Нидерланд, Беларус, Куба, Зеландияи Нав, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Украина ҳар кадом 3 медали тилло, Ҷопон, Австралия, Руминия, Дания, Бразилия, Лаҳистон, Ямайка, Эрон, Хорватия ва Эфиопия ҳар кадом 2 медали тилло, Канада, Шветсия, Ҷумҳурии Чех, Кения, Словения, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Швейтсария, Литва, Венесуэла ва Гренада яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Чин бо 64 медал дар ҷойи аввал, ИМА бо 63 медал дар ҷойи дувум ва Русия бо 42 медал дар ҷойи севум қарор доранд. Бритониёи Кабир 40 медал, Ҷопон 28, Фаронса 26, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон ва Австралия 22-тоӣ ва Италия 17 медал ба даст овардаанд.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия бо 7 медали тилло, 17 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Қазоқистон бо 6 медали тилло ва 1 биринҷӣ дувум мебошад. Беларус 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 нишони биринҷӣ, Украина 3 медали тилло ва 6 биринҷӣ, Гурҷистон 1 медали тилло ва 1 нуқра, Литва 1 нишони тилло ва 1 биринҷӣ, Озарбойҷон 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Арманистон 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гирифтаанд. Эстония 1 медали нуқра, Молдова 2 медали биринҷӣ ва Узбакистон як медали биринҷӣ доранд. Вале 4 кишвар - Қирғизистон, Латвия, Тоҷикистону Туркманистон то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.

Эрон бо 4 медал - 2 нишони тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи 24-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ дохиланд.

Вале то ҳоло 9 нафари онҳо – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз ҳафт варзишгари тоҷик дар риштаҳои бокс (1 нафар), таэквондо (2 нафар) ва гуштии озод (4 нафар) рақобат хоҳанд кард.

Мавзуна Чориеваи 19-сола, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт, дирӯз, 6-уми август, бо Ченг Донги 25-сола аз Чин, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум), ғолиби Бозиҳои осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин (2010) ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (2012, Уланбатори Муғулистон), рақобат кард.

Бо вуҷуди он ки қади Ченг Донг нисбат ба Мавзуна 17 сантиметр баландтар аст (қади Чориева 1 м 60 см мебошад), дар ин қувваозмоӣ муштзани тоҷик кӯшиш мекард, ки зарбаҳояш ба ҳадаф расанд. Қувваозмоии пуршиддат бо пирӯзии Мавзуна Чориева аз рӯи холҳо бо ҳисоби 13:8 (2:2, 2:1, 4:3, 5:2) поён ёфт.

Ҳамин тариқ, Мавзуна Чориева баъди ин ғалаба ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ мешавад, муборизаро барои ба даст овардани унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ идома медиҳад.

Мавзуна Чориева дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 8-уми август соати 18 ба вақти Душанбе бо Кэти Тейлори 26-сола (Ирландия), қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии ҷаҳон, рақобат мекунад. Дар воқеъ, Мавзуна моҳи майи соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Чин дар даври ниманиҳоӣ аз Кэти Тейлор бо ҳисоби 6:16 мағлуб шуда, мақоми севумро касб карда буд. Тейлор, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Софя Очигаваи русиягӣ бо ҳисоби 11:7 пирӯз гашт, барои бори чаҳорум бо медали тиллои сабқати ҷаҳонӣ мукофотонида шуд.

Дирӯз, 6-уми август, инчунин, боз як варзишгари Тоҷикистон Владислава Овчаренко дар давидан ба масофаи 200 метр рақобат кард. Вале аз ӯ коршиносон натиҷаи баландро умедвор набуанд. Зеро ки натиҷаҳои нишондодаи Овчаренко дар ин масофа аз рекорди ҷаҳониву олимпӣ, ки 21,34 сония мебошад, хеле паст аст.

Владислава дар Лондон бо натиҷаи 24,39 сония дар гурӯҳи чаҳорум миёни 9 нафар дор ҷойи охирин ва дар ҳисоби умумӣ миёни 54 нафар дар ҷойи 49-ум қарор гирифт ва аз идомаи мубориза маҳрум гашт. 27 нафар аз рӯи натоиҷи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ, ки шаби 7-уми август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Дар даври муқаддамотӣ Санё Ричардс-Росс аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натиҷаи беҳтарин - 22,48 сония нишон дод. Воқеъан, ӯ дар гурӯҳе, ки ба он Овчаренко шомил буд, рақобат кард.

Дар воқеъ, Владислава имсол дар ин масофа рекорди Тоҷикистонро ду бор беҳтар кардааст. Натиҷаи ахиран нишондодаи ӯ дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон моҳи майи соли равон 23,98 сония мебошад. Рекорди пешини Тоҷикистон, ки соли 1983 гузошта шуда буд, 24,86 сония буд.

Чаҳор намояндаи Тоҷикистон – гуштигирон Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов, Искандари Рустам ва Николай Ноев, ки дар Русия тамрин мекунанд, рӯзи 8-уми август озими Лондон мешаванд. Коршиносон аз Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило ва Зелимхон Юсуфов (вазни то 66 кг) натиҷаҳои баландро чашмдоранд.

Ду варзишгари дигари тоҷик - Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат хоҳанд кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

8-уми август
Бокс. 18.00. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/2 финал).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.