Серена Виллямс қаҳрамони олимпӣ шуд

Серена Виллямс

Теннисбози амрикоӣ Серена Виллямс дар даври ниҳоии сабқати занон дар Бозиҳои олимпии Лондон бар рақиби русаш Мария Шарапова бо ҳисоби 6-0 ва 6-1 ғолиб омад. Бозии онҳо дар корти Уимблдон ҳамагӣ 62 дақиқа тӯл кашид ва ба Виллямс унвони қаҳрамони олимпиро овард. Виктория Азаренка аз Беларус сазовори нишони биринҷии ин мусобиқот шуд.