Ин дар ҳолест, ки бахше дигар аз сокинон аз истифодаи нерӯи низомӣ дар ҳаводиси ахири Хоруғ, ки ба кушта шудани афроди осоишта низ сабаб шуд, башиддат норозиянд. Онҳо мегӯянд, бояд мақомот ин масъаларо аз тариқи гуфтугӯ ва бо кумаки шахсони бонуфузу саршиноси минтақа ҳал мекард. Ҳамчуноне ки дар охир тавассути чунин одамон бархе аз афроди силоҳбадастро моил кард, то силоҳҳоияшонро ба замин гузоранд. "Бубинед, дар ипн амалиёт мардуми бегуноҳ ҳам ҳалок шуд. Инро аз роҳҳои дигар ҳам ҳал кардан мумкин буд",-мегӯяд яке аз ҳамсӯҳбатони мо.
Дар ин назарпурсии мо онҳое низ буданд, ки аз ҳаводиси ахири Хоруғ изҳори беиттилоӣ карданд ва ё бо афшондани даст аз баёни назарашон худдорӣ намуданд.
Хонандаи азиз, як нигоҳе ба ин навор андозед ва дар пайи он назари худро ҳам бинависед, ки то куҷо истифодаи нерӯи низомӣ дар ҳаводиси Хоруғ дуруст буд: