Рӯзи чаҳоршанбе сокинони Бадахшони муқими Русия дар ҳамоише Шӯрои фавқулоддаи ваколатдор ташкил карданд ва аз ташкили он ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд.
Дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав ва аъзои шӯрои мазкур ин хабарро таъйид карданд. Ин Шӯро аз 8 нафар шахсиятҳои шинохтаи Бадахшон, ки дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба сар мебаранд, иборат мебошад. Ҳадафи шӯро дастрас кардан ва расондани иттилооти дақиқу дуруст ба мардуми Бадахшони муқими Русия дар бораи вазъи Хоруғ ва хонаводаҳои онҳо дар Бадахшон мебошад.
Ин шӯро имрӯз ба нишонии Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиатномае таҳия ва ба сафорати Тоҷикистон тақдим кард. Муроҷиатнома аз роҳи сафорат ба зудӣ ба раиси ҷумҳур фиристода шуд. Дар он аъзои Шӯро аз эълони оташбас дар Хоруғ истиқбол кардаанд, вале чанд дархости дигари худро низ ба миён ниҳодаанд. Аз ҷумла, онҳо баровардани неруҳои мусаллаҳ аз қаламрави вилоят ва барқарор кардани иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва манотиқи дигари Бадахшонро тақозо намудаанд.
Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав изҳор дошт, ки бо аъзои ин шӯро мулоқоти тӯлонӣ доштааст ва сафорат омода аст бо ин шӯро ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад
Дар тӯли мулоқоти қариб панҷсоата бо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, ҷомеаи бадахшониҳои Русия нигаронии худро аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ баён карданд. Бо ироаи муроҷиатномаи хаттии худ ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон, онҳо хостори хатми хушунатҳо, ҳалли сулҳомези қазия ва барқарории робитаи телефонӣ бо Хоруғ ва навоҳии атрофи он шуданд.
Дар муроҷиатномаи бадахшониҳои Русия аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба унвони кафили Қонуни асосии Тоҷикистон, тақозо шудааст, дар амри ҳифзи мардуми осоиштаи ин шаҳр иқдом намояд.