Тазоҳуроти бадахшониён дар Маскав

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи чаҳоршанбе дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав дар вокуниш ба амалиёти низомӣ дар Хоруғ, гирдиҳамоии бадахшониёни сокини Русия доир гардид. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ҳалли мусолиҳатомези ин қазияро талаб карданд. Онҳо ҳамчунин аз қатъи иртибот бо Бадахшон ва аз адами имкони тамос бо хешовандонашон изҳори нигаронӣ намудаанд.